Як гуруҳ донишҷӯёни Муассисаи давлатии таълимии “Литсейи касбӣ техникии нақлиёти автомобилии шаҳри Душанбе” барои омӯзиши раванди таҳлили намунаҳои об дар анализатори Хроматографияи ионӣ (ХИ) ба Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ташриф оварданд.
Хроматографияи ионӣ яке аз усулҳои муҳими таҳлили кимиёвӣ буда, барои муайян намудани моддаҳои ионӣ дар ҳалкунандаҳои гуногун истифода мешавад. Ин усул дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла саноати кимиё, экология, тиб ва санҷиши сифат барои таҳлили намакҳо, металлҳо ва ионҳои гуногун ба кор меравад. Таҳсилоти таҷрибаомӯзӣ дар ин соҳа ба донишҷӯён имкон медиҳад, ки бо принсипҳои кор ва истифодаи таҷҳизоти ХИ шинос шаванд.
<