31 Май 2024

    Аввалин семинари JICA доир ба пешниҳоди лоиҳаҳои ҳамкории илмии байналмилалӣ ба SATREPS, Ҷопон

    29 майи соли 2024 дар шаҳри Душанбе бо иштироки  узви вобастаи АМИТ, профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон, сафири Ҷопон дар Тоҷикистон, ҷаноби Тошихико АИКИ семинари SATREPS, ки дар Осиёи Марказӣ аввалин маротиба гузаронида шуд. Директорони созмонҳои тадқиқотии марбута, профессорони донишгоҳи Акита, профессори донишгоҳи Ҳоккайдо, намояндагии Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (JICA) дар Тоҷикистон ва Агентии илм ва технологияи Ҷопон (JST) иштирок намуданд.

    Дар суханронии ифтитоҳии ҷаласа президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ, профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт аз баргузории семинар дар шаҳри Душанбе ҷиҳати мубодилаи манфиатҳои лоиҳаи SATREPS барои рушди илм дар Тоҷикистон изҳори сипос намуда, самтҳои афзалиятноки тадқиқоти илмиро дар Тоҷикистон нишон дод. Зимни суханронӣ таъкид шуд, ки ҳамкории дуҷониба байни  Тоҷикистону Ҷопон дар самти табодули донишҳои илмӣ бештар зарур аст.

    Read 509 times Last modified on %AM, %10 %259 %2024 %05:%Июн

    Реҷаи корӣ

    Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави АМИТ

    • Душанбе то Ҷумъа: 8.00 - 17.00 
    • Шанбе : Истироҳат
    • Якшанбе : Истироҳат

    Тамос бо мо

    Суроға :  ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 33, ошёнаи сеюм, бинои нави АМИТ

    • Email : info@cidsnt.tj
    • Телефон:  (+992 37) 221-35-67
    © 2024 Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави АМИТ.

    Search