04 Март 2024

    Мизи мудаввар дар мавзӯи «Энергияи геотермалӣ ва истифодаи он дар Тоҷикистон»

    1 марти соли 2024 мутахассисони муассисаи байналмилалии IFC (International Finance Corporation) профессор Андреа Москариелло ва профессор Санжеев Кумар бо ҳамроҳии кормандони JICA Азуми Садриа, ва Файзибаев Дж. ба Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави АМИТ барои иштирок дар мизи мудаввар, ташриф оварданд. Дар мизи мудаввар ба тариқи онлайн олимони Ҷопон проф. Инагаки, доктор Саид Бино, профессор Султонов М. ва ғайра иштирок доштанд.

    Мақсади ташриф, шиносоӣ бо рафти кори муштараки олимони Марказ ва Донишгоҳи Акита таҳти лоиҳаи «Project for the Development of a Decarbonized Heat Energy Supply System using Ground Heat Source».

    Дар ин мавзӯъ муовини директори Марказ Раҳматов Ҷамшед Шавкатович маърӯза дошт. Дар маърӯзаи худ Раҳматов Ҷ.Ш. доир ба рафти кори муштарак дар солҳои 2022-2023 суханронӣ намуд. Дар аввал фаҳмонида шуд, ки худи барномаи SATREPS ин Барномаи ҳукумати Ҷопон оид ба пешбурди таҳқиқоти муштараки байналмилалӣ барои дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти глобалӣ, аз қабили гармшавии глобалӣ, биоресурсҳо, офатҳои табиӣ ва бемориҳои сироятӣ як қисми "Дипломатияи илм ва технологияи Ҷопон" мебошад.

    Баъдан, фаҳмонида шуд, ки дар Тоҷикистон конхои нефту гази табиӣ мавҷуд нестанд, вале мо захирахои бойи об дорем ва 96% нерӯи барқро нерӯгоҳҳои барқи обӣ тавлид мекунанд, ки ин худ энергияи сабз мебошад. Вале бо вуҶуди зиёд будани об, бо сабаби тағйирёбии иқлим ва камбориш будани зимистонҳои солҳои охир, танқисии қувваи барқ дар фасли сармо дида мешавад. Бояд дар хотир дошт, ки дар ТоҶикистон чор фасл вуҷуд дорад ва фарқияти ҳарорат назаррас аст.

    Яке аз самтҳои истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, дар баробари гидроэнергетика ин энергияи геотермалӣ мебошад. Оби зеризаминӣ зиёд аст, аммо дар масъалаи дастрасӣ ба нерӯи барқ, масалан, гармӣ (таъмини гармӣ) дар фасли зимистон мушкилот дорад. Барои ТоҶикистон ин кори нав аст, яъне истифодаи энергияи замин барои сард намудани биноҳо дар тобистон ва гарм намудани он дар зимистон.

    Методҳои инноватсионӣ – насосҳои гармидиҳанда бо истифода аз ҳарорати замин (GSHP) мебошанд, ки намуди истифодаи энергияи барқароршаванда барои Тоҷикистон нав мебошад.

    Дар ин самт дар якҶоягӣ бо олимон ва мутахассисони Ҷопон тобистони соли 2023 ду чоҳ, чуқурии ҳар кадом 105 м кофта шуд. Дар ин чоҳҳо қубурҳои пластикии U-шакл гузошта шуда, чоҳҳо бо сангреза пур карда шуданд. Моҳи сентябри соли 2023 тадқиқотҳо бо номи TRT гузаронида шуданд, яъне гармигузаронӣ ва гармиғунҶоиши замин дар чуқурии то 102 м гузаронида шуд.

                                  

     

    Мавқеъи Ҷойгиршавии чуқурҳо бо қубурҳои пластикӣ, қафои бинои Марказ мебошад, ки дар акси поён хуб дида мешавад.

    Дар натиҶаи тадқиқотҳои TRT системаи лозимаи GSHP ҳисоб карда шуд ва аз ширкати ZENERAL HEATPUMP INDUSTRY Co Ltd-и Ҷопон сохта, ба ТоҶикистон ирсол карда, дар Ҷои лозима насб карда мешавад.

    Намояндагони IFC бо диққат маърузаро гӯш намуданд. Суолҳои худро ба иштирокчиёни мизи мудаввар доданд ва посухи лозимаро гирифтанд. Доир ба насби системаи GSHP пешниҳодҳои муфид доданд. Тарафайн доир ба методҳои инноватсионии насби системаи GSHP, навовариҳо дар ин соҳа сухан ронданд. Масъалаҳои асосии Мизи мудаввар ояндаи системаи GSHP дар ТоҶикистон ва минтақа, тайёр кардани мутахассисони соҳа, маҳалли намудани истеҳсоли таҷҳизоти GSHP дар мисоли Қазоқистон ва ғайра буд. Иштирокчиён аз кори Мизи мудаввар қаноатманд гаштанд. Гуфта шуд, ки чунин вохӯриҳо бояд боз ҳам зиёдтар ташкил карда шаванд. Дар охир акси хотиравӣ гирифта шуд.

    Муовини директори МРИИТН АМИТ Раҳматов Ҷ.Ш.

    Read 2509 times

    Реҷаи корӣ

    Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави АМИТ

    • Душанбе то Ҷумъа: 8.00 - 17.00 
    • Шанбе : Истироҳат
    • Якшанбе : Истироҳат

    Тамос бо мо

    Суроға :  ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 33, ошёнаи сеюм, бинои нави АМИТ

    • Email : info@cidsnt.tj
    • Телефон:  (+992 37) 221-35-67
    © 2024 Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави АМИТ.

    Search