Марказ

    Марказ

    Данная биобиблиография посвящена академику Национальной академии наук Таджикистана, доктору физико-математических наук, профессору М. Илолову.

    Биобиблиография включает статьи о научной и творческой деятельности учёного, с основными датами его жизни, деятельности, участия в международных, всесоюзных, региональных конгрессах, конференциях, форумах, симпозиумах, семинарах, списки опубликованных работ учёного, работ редактированных им, литературу о жизни и деятельности.

     Технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ яке аз бузургтарин дастовардҳои илму техникаи ҳозиразамон ба  ҳисоб  меравад.  Қариб  ҳар  сол  схема  ва  сохти  ин  мошинҳо  такмил ёфта, соҳаҳои татбиқи онҳо васеъ мегарданд. Технологияҳои иттилоотӣ, ки имрўз сатҳи инкишофи қувваҳои истеҳсолкунандаро дар ҷомеа муайян мекунанд, ба зудӣ пайдо, ворид ва нопадид мешаванд ва  мавқеи худро ба технологияҳои навтар медиҳанд.

    Пешбурди фаъолияти илмию технологӣ ва фаъолияти инноватсионӣ шарти зарурии рушди равандҳои инноватсионӣ дар ҳар як давлати рушдкарда ва рушдкунанда мебошад. Фаъолияти илмию технологӣ ба тавлид, рушд, густариш ва татбиқи донишҳои илмию техникӣ дар иқтисодиёт, аз ҷумла истеҳсолот вобаста мебошад. Он таҳқиқоти илмӣ ва коркардҳои илмӣ, тайёр кардани кадрҳои илмӣ дар ин самт ва хизматрасониҳои илмию техникиро фаро мегирад.

     Рушди бесобиқаи сатҳи техникаи рақамӣ ва дастовардҳои назаррас махсусан дар технологияи татбиқи амалии натиҷаҳои назариявии физикаи квантӣ дар интиҳои асри XX ва ибтидои асри XXI бевосита имконпазир будани яке аз лоиҳаҳои бемисли маҳсули тафаккури инсони – таҳияи компютерҳои квантиро исбот намуд. Ҳоло намунаҳои шартии компютерҳои квантӣ аллакай истеҳсол шуда, мавриди истифода қарор доранд. Вале, дар назар аст, ки ояндаи наздик кор карда баромадани намунаи мукаммали он – ба ҷаҳиши бузурги глобалӣ ва илмиву технологии тамаддуни инсонӣ оварда мерасонад.

    Фаъолияти инноватсионӣ фаъолияте мебошад, ки ба истифода ва тиҷоратигардонии натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ ва коркардҳои илмӣ барои беҳтар кардани сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда (молҳо, хизматрасониҳо), такмили технологияҳои тайёр намудани онҳо бо минбаъд татбиқ ва амалисозии самарабахши онҳо дар бозорҳои дохилӣ ва берунӣ нигаронида шудааст. Дар ин маврид истифодаи амалии натиҷаи илмӣ, илмӣ-технологӣ ва нерӯи зеҳнӣ имкон медиҳад, ки  маҳсулоти истеҳсолшавандаи нав ва технологияҳои истеҳсоли он ба даст оварда шуда,  талаботи истеъмолкунандагон ба  молу хизматрасониҳои баландсифат қонеъ гардонида шавад ва  хизматрасониҳои иҷтимоӣ такмил ёбад.

     Имрӯз (29.01.2024) дар толори маҷлисгоҳи академия вохӯрии нахустини Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон доктори илмҳои иқтисодӣ профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо олимон ва роҳбарони институтҳо баргузор гардид. Дар оғози вохӯрӣ профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ҷиҳати бовариву эътимоди Пешвои миллат ва ба ин вазифаи пурмасъулият таъин гардиданаш изҳори назар намуда, зикр доштанд, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон яке аз боргоҳҳои бузурги илми тоҷик ба ҳисоб меравад. Ин маркази бонуфузи илмӣ зери таваҷҷуҳи хосаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Маҳз талошу заҳматҳои олимону зиёиёни академия аст, ки шогирдони онҳо дар муассисаву ниҳодҳои гуногуни кишвар ба фаъолият пардохтаанд.

    Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон  Қобилҷон  Хушвахтзода бо муовини роҳбари намояндагии Корпоратсияи миллии ҳастаии Чин (CNNC) дар Осиёи Марказӣ ва Аврупои Шарқӣ Ли Юйдон вохӯрӣ намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳо.

       Ли Юйдон мақсади ташрифашро баррасии масъалаи ба имзо расонидани Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкории техникӣ байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Корпоратсияи миллии ҳастаии Чин (CNNC) арзёбӣ намуд. Ли Юйдон ба имзо расонидани ин санадро барои ҷонибҳо муҳим шуморида, иброз намуд, ки амалишавии санад ҷиҳати тақвият ёфтани ҳамкорӣ ва муносибати илмии ҳарду ҷониб заминаи мусоид фароҳам меорад. Ҳамчунин иброз гардид, ки соли 2024 барои ҷонибҳо соли муҳим ва бобарор мегардад.

      Дар Форуми соҳибкорӣ ва ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Чин, ки санаи 2-юми ноябр дар Душанбе баргузор гардид, Ёддошти тафоҳум байни Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави АМИТ ва Институти экология ва географияи Академияи илмҳои Хитой имзо карда шуд. 

    Кормандони Марказ дар шанбегӣ иштирок намуда, гирду атрофи Марказро тоза ва обод намуданд. Дар акс директори Марказ Кодиров А.С ва ҷонишини директори Марказ оид ба хоҷагидорӣ Бурҳонов С. мавриди ободикунонӣ. 

    Реҷаи корӣ

    Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави АМИТ

    • Душанбе то Ҷумъа: 8.00 - 17.00 
    • Шанбе : Истироҳат
    • Якшанбе : Истироҳат

    Тамос бо мо

    Суроға :  ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 33, ошёнаи сеюм, бинои нави АМИТ

    • Email : info@cidsnt.tj
    • Телефон:  (+992 37) 221-35-67
    © 2024 Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави АМИТ.

    Search