Академики АМИТ Илолов Мамадшо рузҳои 14-19 апрели соли 2024 дар сафари хизматӣ дар Фаронса қарор дошт. Он кас бо даъвати Кумитаи тадорукоти Конференсияи байналмилалии SILICON PV – 2024, ки дар шаҳри Шамберии Фаронса баргузор гардид, иштирок намуда бо маъруза таҳти унвони “Maximum Power Point Tracking Using Adaptive Neuro-Fuzzy Inference Systems for the Photovoltaic Modules” баромад кард.