24 Апр 2024

    Сафари хизматии академики АМИТ Илолов Мамадшо ба Фаронса

    Академики АМИТ Илолов Мамадшо рузҳои 14-19 апрели соли 2024 дар сафари хизматӣ дар Фаронса қарор дошт. Он кас бо даъвати Кумитаи тадорукоти Конференсияи байналмилалии SILICON PV – 2024, ки дар шаҳри Шамберии Фаронса баргузор гардид, иштирок намуда бо маъруза таҳти унвони “Maximum Power Point Tracking Using Adaptive Neuro-Fuzzy Inference Systems for the Photovoltaic Modules” баромад кард.  

    Рӯзномаи Конференсияи номбурда чандин масъалаҳои илмии муосирро дар бар мегирифт, ки дар байни онҳо масъалаи эффективнокии тандемҳои гибридӣ бо ҳуҷайраҳои поёнии кремниявӣ муҳимтарин маҳсуб мешавад. Дар Конференсия зиёдар аз 200 муҳаққиқ аз 25 кишвари дунё иштирок намуданд. Раду бадали ғояҳои нави илмӣ дар самти зикргардида хеле муфид ва нишонрас ба назар мерасид.

       

    Read 78 times Last modified on %AM, %24 %342 %2024 %07:%Апр

    Реҷаи корӣ

    Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави АМИТ

    • Душанбе то Ҷумъа: 8.00 - 17.00 
    • Шанбе : Истироҳат
    • Якшанбе : Истироҳат

    Тамос бо мо

    Суроға :  ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 33, ошёнаи сеюм, бинои нави АМИТ

    • Email : info@cidsnt.tj
    • Телефон:  (+992 37) 221-35-67
    © 2024 Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави АМИТ.

    Search