Print this page
28 Фев 2024

Сафари кории олимони Марказ

Санаи 27 феврали соли 2024 кормандони Марказ ва гурӯҳи кории телевизиони Сафина, барои ба тасвир гирифтани истгоҳи тадқиқотии фотоволтаикии Марказ, ба маҳали Бойғозӣ сафар доштанд.

Мақсади сафар: нишон додани рафти кори тадқиқотӣ дар дастгоҳи шинокунандаи фотоволтаикӣ, бартариҳои он нисбат ба тарзи насби маъмулӣ, аҳамияти энергетикии он дар системаи электро-энергетикии кишвар.