Print this page
28 Янв 2024

Ҳамкориҳои илмии Марказ бо Институти бизнес ва технологияи Гансуи ҶХХ

  Мувофиқи Амри Президенти АМИТ, академик Ф. Раҳимӣ аз  06.04.2023 таҳти рақами № 30001/23-208 ва бо даъвати роҳбарияти Институти бизнес ва технологияи Гансуи ҶХХ, рӯзҳои 5-12 майи соли 2023, академик Илолов Мамадшо, роҳбари Шуъбаи моделсозии риёзии протсесҳои динамикии Марказ ва Раҳматов Ҷ.Ш. муовини директори Марказ дар сафари хизматӣ буданд.  Сафари онҳо мутобиқи барномаи аз ҷониби мизбонон таҳияшуда баргузор гардид. 

Нимаи аввали рӯзи 6 май аз лабораторияҳои илмии Институти бизнес ва технологияҳои Гансу дидан карданд.

      

Нимаи дуюми рӯзи 6-уми май дар коллоквиуми Раёсати илм ва технологияи музофоти Гансу иштирок намуданд ва бо гузоришот дар фасли ҳамкориҳои илмии Марказ ва муассисаҳои илмӣ ва донишгоҳҳои музофоти Гансу сухан ронданд.

  

Рӯзи 7-уми май ба истгоҳи моҳипарварии (aqua culture) ташриф оварда бо бозёфтҳои илмии олимони чинӣ дар самти парвариши гулмоҳии тиллоӣ аз наздик шинос шуданд. Мавриди қайд аст, ки натиҷаҳои бадастовардаи мутахассисони чинии ин соҳа ба осонӣ татбиқи худро дар бассейнҳои моҳипарварии Тоҷикистон ёфта метавонанд.